23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ДАВИ ДӮСТӢ» ДАР ДУШАНБЕ. Он ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон бахшида мешавад

137
«ДАВИ ДӮСТӢ» ДАР ДУШАНБЕ. Он ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон бахшида мешавад20 ноябр бахшида ба 30- солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе «Дави дӯстӣ» дар ду масофа- 7,5 км ва 3,1 км баргузор мешавад. Макони оғози дав аз назди Наврӯзгоҳи пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ. Шерозӣ муқаррар карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Мусобиқаи мазкур ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида шудааст.

Он аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе баргузор мегардад.

Ғолибону ҷоизадорон бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво