19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сардори Саидораи геологияи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд

455
Сардори Саидораи геологияи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
16 ноябр дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил /ИДМ/ баргузор гардид, ки дар он Раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Саридораи геология Мавҷуда Анварӣ иттилоъ дод.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои ИДМ, вазорату идораҳои салоҳиятдори давлатҳои аъзои СНГ, ба монанди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва шахсони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

Аъзои Комиссия якчанд масъалаҳои мубрами иқтисодӣ ва марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар фазои ИДМ-ро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар солҳои 2021-2025» гузориш дод.Доир ба масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа низ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷаласаи ояндаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил /ИДМ/ 14 декабри соли 2022 бюаргузор мешавад.
Сардори Саидораи геологияи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 25-уми Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин 22-23 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Тибқи қарори ин ҷаласа, раёсат дар соли 2022 ба таври расмӣ ба Тоҷикистон вогузор шуд.

АКС: Саридораи геология




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво