26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ЗАБОНИ ИЛМ БОЯД ТОҶИКӢ БОШАД». Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат ба тоҷикӣ дифоъ кардани рисолаҳои илмӣ оғоз гардид

146
«ЗАБОНИ ИЛМ БОЯД ТОҶИКӢ БОШАД». Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат ба тоҷикӣ дифоъ кардани рисолаҳои илмӣ оғоз гардид «Рисолаҳои илмӣ пеш ба забони русӣ дифоъ мешуданд. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат ба тоҷикӣ дифоъ кардани рисолаҳои илмӣ оғоз гардид. Акнун замоне расидааст, ки роҳҳои ҳалли ба забони тоҷикӣ навиштан ва дифоъ намудани асарҳои илмӣ дар ҳамаи соҳаҳо (бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, меъморӣ) пайдо гардад». Чунин изҳори андеша намудааст сардабири маҷаллаи «Пайванд», профессор Равшан Раҳмонӣ дар мақолаи «Гиромидошти забони тоҷикӣ». Дар ҳошияи китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»), ки дар маҷмӯаи мақолаҳои муаллиф таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон» ҷой дода шудааст. Китоби мазкур чанд рӯз пеш ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари Ректори ДМТ профессор Қ. Хушвахтзода дар матбааи донишгоҳи мазкур аз чоп баромад.

«Мо медонем, ки амалӣ намудани ин кор мушки ласт, вале бояд шуруъ кард, — навиштааст дар идома Равшан Раҳмонӣ. – Ҳарчи зудтар шуруъ кунем, ҳамон қадар қадамҳои ҷиддӣ ба пеш мегузорем. Ҳарчи дертар оғоз намоем, дар канори рушди технологияи имрӯз ва инкишофи забонҳои дигари олам [ҳамон қадар] қафо мемонем».

Муаллиф дар зимн аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардааст, ки гуфтанд: «Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош накмоем».

Профессор Раҳмонӣ таъкид кардааст, ки аз масъалаҳои бисёр муҳим барои рушди бештар пайдо кардан ва пойдор мондани забон – ин тамоми рисолаҳои илмиро ба забони тоҷикӣ навиштан аст. Ба гуфти ӯ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро дарк намуда, борҳо дар суханрониҳои хеш ба ин масъала ишораҳо кардаанд. Президент таъкид кардаанд, ки коргузории тамоми бахшҳои илм бояд ба забони тоҷикӣ бошад.

Муаллиф чунин мешуморад, ки барои дар амал татбиқ намудани ин суханони Ҷаноби Олӣ дастандаркорони миллат бояд камари ҳиммат банданд. Дар зудтарин фурсат ба забони тоҷикӣ навиштани рисолаҳои илмиро дар ҳамаи бахшҳои илм ба инобат гиранд. Суханони ҷиддӣ ва қотеонаи Пешвои миллатро фаромӯш накунанд: «Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илмии муосир ба вуҷуд оварда шавад».

Мавриди зикр аст, ки дар китоби тозанашри Равшан Раҳмонӣ мақолаҳое гирд оварда шудаанд, ки муаллиф аз соли 1993 то имрӯз оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон, таърих ва фарҳанги миллати тоҷик навиштааст.

Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво