Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд![]() ![]() Дар ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои ИДМ, вазорату идораҳои салоҳиятдори давлатҳои аъзои СНГ, ба монанди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва шахсони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд. Аъзои Комиссия якчанд масъалаҳои мубрами иқтисодӣ ва марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар фазои ИДМ-ро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба “Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар солҳои 2021-2025” гузориш дод. Доир ба масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа низ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 25-уми Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин 22-23 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Тибқи қарори ин ҷаласа, раёсат дар соли 2022 ба таври расмӣ ба Тоҷикистон вогузор шуд. АКС: Саридораи геология
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |