4 феврал 2023, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар вазорату идораҳо бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоишҳои тантанавӣ доир шуданд

30
Дар вазорату идораҳо бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоишҳои тантанавӣ доир шудандБахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳои кишвар ҳамоиш ва ҷаласаҳои тантанавӣ доир гардиданд, ки дар онҳо оид ба нақши иҷлосия ҳамчун шоҳсутуни давлатдории миллӣ ва аҳамияти миллию минтақавӣ ва байналмилалӣ доштани он ибрози назар карда шуд.

Хайриддин Усмонзода: «Ҷавҳари асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат- гиромидошти арзишҳои умумимиллист»

Дар Маркази тадиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон» баргузор гардид. Дар он Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлолияти сиёсӣ, тамомияти арзӣ, ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон махсусан муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин аҳамияти миллию минтақавӣ ва байналмилалии Иҷлосияи мазкур таъкид гардида, заминаҳо ва зарфияти сарнавиштсози он дар марҳалаи нисбатан ҳассоси таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушду инкишофи соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар марҳалаи минбаъдаи давлатсозӣ зикр гардид.

Барно Саидвализода: «Ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои Президенти Тоҷикистон муяссар гардид»

15 ноябр дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор гардид.

Дар он Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик муассир ва сарнавиштсоз номида, изҳор намуд, ки ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷро Б.Саидвализода дар фазои тантанавӣ кормандони мақомот ба рутбаҳои навбатии дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ дар муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат

Хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Ин матлаб имрӯз зимни ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ баён шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст.

30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати давлатии забон

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни баргузории конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «30 соли Иҷлосияи таърихӣ ва сиёсати давлатии забон» иброз дошт, ки таълифи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Сарвари давлат, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар исбот намуд, ки давлату Ҳукумат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, барои рушди минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Роҳбари давлати тоҷикон бо муносибати эҳтиромонаи худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст.

«Тоҷикаэронавигатсия»: Иҷлосияи ХVI- наҷоти миллӣ ва меҳвари мактаби навини давлатдорӣ

Дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бахшида ба санаҳои зикршуда ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Муовини аввали Директори генералӣ Даврон Шодмонбекзода зикр намуд, ки «интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Ҷаноби Олӣ муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллӣ ва меҳвари мактаби навини давлатдории миллии тоҷикон ба вуҷуд оварад».

Таъкид гардид, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ интихоб гардида, ба барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллию сулҳи тоҷиконро фароҳам оварданд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво