Низорамоҳ Зарифова: «Давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ Сарвари худро пайдо намуд»![]() ![]() Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ тамоми кормандони бонкро бо ин санаҳои таърихӣ табрик намуда, зикр сохт, ки иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвар ва ваҳдати миллӣ нақши бузург дошта, маҳз бо баргузории иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва мамлакат аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ раҳо ёфт. «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ нақши арзишманд дошта, ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳаёти сиёсии кишвари мо гардиши куллӣ ба миён овард. Бо саъю талоши бевоситаи Пешвои муаззами миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба самти низоми нави давлатдории дунявӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ равона гардид»,- таъкид намуд Сироҷиддин Икромӣ. ![]() Зикр шуд, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд- дар Қасри таърихии Арбоб баргузор гардида, заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард. Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ вакилон Роҳбари нави мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои неруи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиро гирифта, обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз менамояд. Зимни маҷлиси тантанавӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра кормандони «Амонатбонк» дафтарчаҳои ҳизбӣ супорид. Инчунин бо дарназардошти фаъолияти назаррас ва саҳми арзишманд дар рушди «Амонатбонк» як зумра кормандон бо Ифтихорномаи «Амонатбонк» сарфароз гардонида шуданд. АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |