25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СИККАҲОИ САДСОМОНА. Онҳо ба талабот ҷавобгӯ будани агрегатҳои якум ва дуюми НБО «Роғун»-ро исбот намуданд

981
СИККАҲОИ САДСОМОНА. Онҳо ба талабот ҷавобгӯ будани агрегатҳои якум ва дуюми НБО «Роғун»-ро исбот намудандДар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. Зимни боздид диққати моро сиккаҳои 100-сомона ба худ ҷалб намуданд, ки онҳо бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаанд.

Ин сиккаҳои 100-сомона аз нуқраи иёраш 925 зарб зада шудаанд. Вазни сиккаҳо 31,1 гр буда, қутрашон 38,61мм мебошад. Дар маркази рӯи сиккаҳо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери нишон навиштаҷоти «100 сомонӣ», «Ag 925 31,1g» ва дар атрофи марказ навиштори «Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Republic of Tajikistan» инъикос ёфтааст.Дар маркази пушти сиккаҳо сарбанди НБО-и «Роғун» тасвир шуда, дар атрофи ин тасвир навиштаҷоти «Оғози кори НБО-и Роғун», «Launch of Rogun HPP» ва санаи «16.11.2018» инъикос ёфтааст. Сиккаҳои мазкур дар китоби воридотии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти рақамҳои осорхонавии КВ-16016 ва КВ-17100 ба қайд гирифта шудаанд.

СИККАҲОИ САДСОМОНА. Онҳо ба талабот ҷавобгӯ будани агрегатҳои якум ва дуюми НБО «Роғун»-ро исбот намуданд


Зимни боздид сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид иброз намуд, ки инъикоси комёбиҳои бузурги давлатдории навини тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса касб кардааст.

Дар толори «Истиқлолият» дастовардҳои мамлакат вобаста ба ҳадафҳои стратегии давлат пешниҳод гашта, нахуст шиносоӣ аз гӯшаи «Истиқлолияти энергетикӣ» – и ҷумҳурӣ оғоз меёбад. Дар ин гӯша аксҳо аз ҷараёни ифтитоҳи бузургтарин неругоҳҳои замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ, ба монанди НБО-и «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ба намоиш гузошта шудаанд. Дар экспозитсияи мазкур Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Фирдавси Абдулҳамид зикр дошт, ки дақиқияти кори агрегати якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо гузоштани сикка муайян карда шуд. Ҳамин тавр кори нахустин агрегатҳои неругоҳ ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардиданд. Сиккаҳои мазкур бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардиданд. Аз ин рӯ, экспонати марказии гӯшаи навтаъсиси Роғунро ду адад сикка ташкил медиҳанд, ки тавассути онҳо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боэътимодии кори агрегати якум ва дуюми НБО-и «Роғун» санҷида шуда буд.Бояд гуфт, ки аз соли 2008 корҳои сохтмону барқарорсозии НБО-и «Роғун» аз нав оғоз гардиданд. Хушбахтона, 16 ноябри соли 2018 чархаи якуми НБО-и «Роғун» ва 9 сентябри соли 2019 чархаи дуюми НБО-и «Роғун» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Оғози кори НБО «Роғун» дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, мояи ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи милати тоҷик мебошад.

Дар гӯшаи навтаъсиси Роғун сиккаҳо дар дохили лавҳаи шишагӣ, болои макети агрегат ба таври рост гузошта шудаанд. Дар девори пушти лавҳаи шишагӣ аксҳо аз маросими тантанавии оғози кори НБО-и «Роғун» ба намоиш гузошта шудаанд, ки рӯзҳои фараҳбахш ва деринтизори миллати тоҷикро инъикос менамоянд.

Сиккаҳои мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон асрҳо ҳамчун нигораҳои нодири даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳифз гардида, доир ба иншооти бузурги аср ва қаҳрамонии мардуми сарбаланди тоҷик қисса хоҳанд кард.

«Инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ яке аз вазифаҳои муқаддаси осорхонаҳо ба шумор рафта, он, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ тарбия намудани насли ҷавон ва тарғибу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ хеле муҳим мебошад»,- иброз дошт Фирдавси Абдулҳамид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво