28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТОҶИКИСТОН–РОССИЯ. Пагоҳ дар варзишгоҳи марказӣ тамринҳои расмӣ ва нишасти хабарӣ баргузор мешаванд

137
ТОҶИКИСТОН–РОССИЯ. Пагоҳ дар варзишгоҳи марказӣ тамринҳои расмӣ ва нишасти хабарӣ баргузор мешаванд Дар остонаи бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия пагоҳ, 16 ноябр, дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе тамрини расмӣ анҷом медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Пас аз анҷоми тамрини пеш аз бозӣ сармураббии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия Петр Сегрт ва Валерий Карпин ва як бозигарӣ аз ҳарду даста дар нишасти хабарӣ ширкат мекунанд.

Рӯзноманигороне, ки дархост фиристодаанд, пагоҳ пеш аз оғози тамрини дастаҳо метавонанд иҷозатномаҳои аккредитатсионии худро гиранд.

16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе пеш аз бозӣ чорабиниҳои зерин дар назаранд:

17:30 – Тамрини расмии дастаи мунтахаби Тоҷикистон (15 дақиқаи аввал барои намояндагони ВАО боз аст).

18:45 – Нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо ширкати сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва як бозигари даста.

20:00 – Машқи расмии дастаи Россия (15 дақиқаи аввал барои намояндагони ВАО кушода аст).

21:15 – Нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо ширкати сармураббии дастаи мунтахаби Россия Валерий Карпин ва як бозигари даста.

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво