29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нахустин корвони мошинҳо дар рӯзи ифтитоҳи дарвозаҳои дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба самти Самарқанду Бухоро ба роҳ баромад!

659
Нахустин корвони мошинҳо дар рӯзи ифтитоҳи дарвозаҳои дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба самти Самарқанду Бухоро ба роҳ баромад!Бори нахуст дар таърихи нави ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 16 март корвони мошинҳои Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи туризм ва ҷаҳонгардӣ дар назди ширкати «Рахш Таксӣ 3333» ва ширкати сайёҳии «Скай Тур» ба самти шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба роҳ баромад. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо ташаббуси ширкати «Рахш Таксӣ 3333» ва ширкати сайёҳии «Скай Тур» роҳандозӣ шуда, ба ҳайати корвон хабарнигорон, наворбардорон, коргардонҳо, роҳбарони ширкатҳои ватанӣ, муштариёни доимии «Рахш Таксӣ», «Скай Тур» ва дигарон шомил мебошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво