28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакили Парлумон дар кори ҷаласаи дуюми Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд

126
Вакили Парлумон дар кори ҷаласаи дуюми Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ иштирок намудИмрӯз дар Қасри Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи дуюми Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди ин Созмон, ки соли 2020 таъсис ёфтааст, дар ҳайати омехта баргузор гардид. Дар он баробари вакилони парлумони ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон вакили Маҷлиси намояндагон, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ба таври фосилавӣ иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар ҷаласа лоиҳаи тавсияҳо оид ба танзими меъёрии рақамикунонӣ дар соҳаи маориф ва «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» баррасӣ шуданд.

Тавре академики Академияи илмҳои Россия Андрей Рудской таъкид кард, баррасии санадҳои қонунгузории намунавӣ, ки аз ҷониби АБ ИДМ таҳия мешаванд, яке аз ду самти асосии фаъолияти Шӯрои коршиносон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон пешниҳодҳо оид ба самтҳои перспективии қонунсозӣ дар соҳаи илму маориф, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим, таълими фосилавӣ, роҳнамоии касбии ҷавонон, муқовимат ба зӯроварӣ, нақши оила дар таълиму тарбия, кафолатҳои таҳсилоти кӯдакони муҳоҷир, муайян кардани мақоми олимони ҷавон, танзими масъалаҳои этикаи илмӣ яке аз самтҳои умедбахши қонунгузории намунавӣ дар соҳаи илму маориф ҳисобида шуд.

Аъзои Шӯрои коршиносон маълумоти бадастомадаро ба эътибор гирифта, тасмим гирифтанд, ки ба Котиботи Шӯрои АБ ИДМ лоиҳаи Тавсияҳо оид ба самтҳои ояндадори қонунсозии намунавӣ дар соҳаи илм ва маориф, Тавсияҳо «Дар бораи дастгирии иҷтимоии донишҷӯён», «Дар бораи татбиқи барномаҳои таълимии шабакавӣ» ва Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии мубодилаи байналмилалии академиро баррасӣ намоянд.

Илова бар ин, дар ҷаласа масъалаҳои таъмини ҳамкорӣ ва иртиботи Шӯрои коршиносон, инчунин пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2023-2024 баррасӣ шуданд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво