28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба ифтихори 30- cолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

180
Ба ифтихори 30- cолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд Ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Дар ҷаласа Раиси ноҳия Азизулло Исматзода, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода, муовини аввали раиси суди ноҳия Шамъигул Нурулозода, муовини аввали прокурори ноҳия Хайём Ҳазратзода, ҷавонони фаъол ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода иброз намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карданд ва сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Дар ҳақиқат Пешвои миллат тамоми неруву ғайрату ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намудаву имрӯзҳо халқи Тоҷикистон тавассути ин заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар фазои сулҳу суботу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд”.

Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар мамлакат гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Маҳз дар иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми ҷумҳурӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ба он кас ваколати Сардори давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Дар ҷамъомад ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода варзишгари шинохта ва паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимовро барои ғолибияташ дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо- «Baku Grand Slam 2022» дар Озарбойҷон бо туҳфаи пулӣ ба миқдори 25000 сомонӣ қадрдонӣ намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво