17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Берлин ва Дубай Рӯзи Конститутсия ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардид

78
Дар Берлин ва Дубай Рӯзи Конститутсия ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардидДар шаҳри Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия, 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанивиро бо ҳузури тоҷикистониёни муқими Олмон баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронӣ ҳозиринро бо ин ҷашнҳои фархунда табрику таҳният гуфта, вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ ва инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид намуд.

Дар ҳамоиш филми мустанад оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Инчунин 11 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай бахшида ба ин рӯзҳои фархунда ҳамоиши идона бо иштироки доираи васеи ҳамватанони муқими АМА баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш намоиши нақшу нигораҳо ва кундалҳо ба меҳмонон пешкаш гардид.

АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво