19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сутунҳои оҳанини «Помирэнерҷӣ»-заминаи мусоиди гармӣ дар фасли сармо

1334
Кормандони Ширкати барқи «Помирэнерҷӣ» ҷиҳати омодагии хуб ба фасли зимистон дар мавзеъҳои хатарноки худуди вилоят сутунҳои оҳанини замонавиро шинонданд, ки дар таъмини сокинон бо неруи барқ дар фасли сармо мусоидат менамоянд.
Дар мавзеи Баржир, ки дар самти роҳи мошингузари ноҳияи Шуғнон ва Ишкошим воқеъ аст, дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ ноқилҳо ва симчӯбҳои неруи барқ корношоям мегарданд. Ҳамасола пас аз тармафароӣ кормандони Ширкати «Помирэнерҷӣ»» ноқилҳоро таъмир намуда, сокинонро бо неруи барқ таъмин менамоянд.
Вале, имсол тасмим гирифтанд, ки хатҳои неруи барки ин мавзеъро ба ҷойи бехавф кӯчонанд, то аз тармафароӣ осеб набинанд.
Ҳоло бо талоши кормандони ширкат дар ин ҷо таъмири хатти баландшидати неруи барқи 35-110 киловатта идома дорад. Кормандони «Помирэнерҷӣ» барои шинондани сутунҳои оханини замонавӣ чуқурӣ канда, онҳоро дар ин ҷо насб менамоянд. Аллакай 5 адади он гузошта шуда, корҳои дигари таъмирӣ идома доранд.
Бояд иброз дошт, ки кормандони Ширкати барки «Помирэнерҷӣ» дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки ҳангоми офати табиӣ хатти неруи барқ пурра хароб гардид, онро аз нав барқарор намуданд.
Дар ин мавзеъ имсол бо гузошта шудани сутунҳои замонавӣ интиқоли неруи барқ дар фасли зимистон ба сокинони ноҳияи Ишкошим ва қисми ноҳияи Шуғнон беҳтар мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво