26 май 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СИМОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАСМАНЗАРИ НБО «НОРАК». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараи Вафо Назаров ба намоиш гузошта мешавад

128
16 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараи рассоми шинохтаи тоҷик Вафо Назаров, ки симои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пасманзари Неругоҳи барқи обии «Норак» тасвир намудааст ва он ба тозагӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид, ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
СИМОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАСМАНЗАРИ НБО «НОРАК». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараи Вафо Назаров ба намоиш гузошта мешавад
Намоиши мазкур ба ифтихори Рӯзи Президент ва дар доираи Рӯзи дарҳои кушод доир шуда, тамошобинон имкон доранд дар ин рӯз аз соати 08:00 то 18:00 ба таври ройгон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намоянд,

Инчунин тамошобинон метавонанд аз намоиши муваққатии Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» бархурдор гарданд.

Дар ин рӯз тавассути телевизионҳои фаъоли Осорхонаи миллӣ филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ», ки ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ба намоиш гузошта мешавад.

Ҳадаф аз эълони Рӯзи дарҳои кушод дар Рӯзи Президент ва баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ- фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони пойтахти кишвар ва огоҳ шудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз таъриху фарҳанги ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамчунин ба ин восита расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ аз соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президент таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» буда, бинои нави онро 20 марти соли 2013 расман ифтитоҳ намудаанд. Дар ин муддат Осорхонаи миллӣ дар доираи имконоти фароҳамшуда ба дастовардҳои зиёде ноил гардид, ки ҳамаи онҳо аз сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво