20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шермуҳаммад Шоҳиён: «Бо заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлат пояҳои давлатдорӣ барқарор гардиданд»

112
Шермуҳаммад Шоҳиён: «Бо заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлат пояҳои давлатдорӣ барқарор гардиданд»Дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлат пояҳои давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати комили миллӣ барқарор ва Тоҷикистон узви СММ ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, дар арсаи ҷаҳон обрӯ ва эътибори хосса пайдо намуд. Ин нуктаро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Суди Олӣ.

Дар ҳамоиш Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён дар хусуси аҳамияти таърихии ҷашнҳои мазкур иброз намуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардидани иҷлосия муҳимтарин рӯйдод дар таърихи навини кишвар баҳри рушди Истиқлолияти мамлакат мебошад. «Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии дар он қабулгардида дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи ин иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллӣ ба вуҷуд овард»,-зикр намуд Ш.Шоҳиён.

Таъкид гардид, ки дарвоқеъ дар чунин давраи ҳассос баргузор гардидани ин иҷлосия кори саҳл набуд. Зеро қувваҳои манфиатҷӯю бадхоҳ бо истифода аз ҳама гуна тарзу усул барои ноором кардани вазъият ва бо ин роҳ ба қисматҳо тақсим намудани Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медоданд.

Ба гуфтаи Раиси Суди Олӣ, баргузор намудани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ягона амали ногузир ҷиҳати раҳоии кишвар аз вартаи нобудӣ, пойдор нигоҳ доштани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба сулҳу ваҳдат овардани мардум, ба низоми қонун даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб мерафт.

«Он замон ҷомеа ба шахсияте ниёз дошт, ки дорои иродаи қавӣ, принсипҳои устувор ва сифатҳои аслии ватандӯстию сарварӣ буда, масъулияти бузургро дар назди халқу Ватан дарк намояд. Бо назардошти чунин сифатҳо иҷлосия дар бораи ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор қабул кард, ки ин муҳимтарин рӯйдод дар ҳамон лаҳзаҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои ноил шудан ба мақсаду ормонҳои халқи тоҷик замина гузошт»,-афзуд Ш. Шоҳиён.

Зикр карда шуд, ки Пешвои миллат дар вазъияти ниҳоят мураккаб бо тамоми масъулият вазифаи сарвариро ба дӯш гирифта, ба сулҳу субот овардани мардум, ба ҷойи зист баргардонидани гурезагон ва барқарор намудани сохти конститутсиониро мақсади аввалиндараҷаи роҳбарияти олии мамлакат эълон намуданд.

Дар ҷараёни иҷлосия якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие қабул карда шуданд, ки барои хомӯш кардани оташи ҷанг, ба сулҳу субот овардани мардум, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асосҳои ҳуқуқӣ ва имконият ба вуҷуд оварданд, ки мамлакат ба сӯи истиқлолияти пурра ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ қадамҳои нахустин гузорад.

Тибқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», 16 ноябр ҳамасола Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карда, ба иҷрои ин вазифаи пурмасъул оғоз намуданд.

Ин санаи муҳим дар қонунгузории кишвар ба манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдорӣ дар таърихи навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин дар маҷмӯъ, ба хизматҳои наҷибу фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, пазируфта шудааст.

Дар ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ бахшида ба ин ду санаи муҳим маърӯза намуданд.

АКС: Суди Олии ҶТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво