24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷамолиддин Абдуллозода дар Анталия аз Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти тиббӣ дидан намуд

90
Ҷамолиддин Абдуллозода дар Анталия аз Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти тиббӣ дидан намуд Аз 8 то 10 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти тиббӣ баргузор гардид, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз он дидан намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорат.

Дар намоишгоҳ таҷҳизот ва лавозимоти муосири тиббӣ, ки ҳар кадоми он дар самти ташхис ва табобати беморон нақши муассир доранд, ба тамошо гузошта шуда буданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ҳамчунин бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фаҳреттин Коҷа мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки дар айни замон ҳамкории ду давлат дар баробари самтҳои гуногун дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво