18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО ҚАСРИ МИЛЛАТ. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ барпо шуд

102
АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО ҚАСРИ МИЛЛАТ. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ барпо шудДар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аз Қасри Арбоб то Қасри Миллат» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи ВКД хабар доданд.

Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи «Нақш ва мавқеи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки «дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷикон сарнавиштсоз будани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар он зоҳир мегардад, ки дар ин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардиданд».

Узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Муҳаммад Раҳимзода, раиси бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Баротов ва номзади илми фалсафа Сайфулло Сафаров вобаста ба нақши ин иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории тоҷикон сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди бузургест, ки дар таърихи навини мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Дар ҳақиқат, ин иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳал намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон ва амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Дар анҷоми ҳамоиш бахшида ба ин санаи таърихӣ як зумра ҷавонони фаъол, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм гузоштаанд, бо Сипосномаву Ифтихорнома ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Академияи ВКД




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво