20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ доир мешавад

502
Дар Тоҷикистон Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ доир мешавад12 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ баргузор мегардад, ки дар он коршиносон ва намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат.

Дар доираи сафар меҳмонон аз имконияти хизматрасонии осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ», Мамнуъгоҳи таърихии Қалъаи «Ҳисор», Боғи интенсивии «Шар-Шара» ва ангурбоғи «Норак» дидан менамоянд. Инчунин аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанбе- «Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал меоранд.

10 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт дар доираи баргузории форуми мазкур ҷаласаи сеюми Комиссияи техникӣ оид ба рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбекистон баргузор гардид.

Дар Тоҷикистон Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ доир мешавад


Дар кори ҳамоиш намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ҳайати расмии Вазорати мероси фарҳангии Эрон, ҳайати Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон, ширкатҳои бонуфузи сайёҳии хориҷӣ, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

Дар мулоқот имконоти тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва муносибатҳои бисёрҷониба, ҷустуҷӯи роҳҳои нави тавсеаи робитаҳо ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва экологию солимгардонӣ изҳор намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво