4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Моро бубахш, Умаралӣ…» - эътирози ҷиддии мардуми одии рус ба марги тифли панҷмоҳаи тоҷик

1012
«Моро бубахш, Умаралӣ…» - эътирози ҷиддии мардуми одии рус ба марги тифли панҷмоҳаи тоҷик

29.10.2015.Мардуми оддии таҳҷоии Русия, одамони касбу кори гуногун ба марги тифли 5 -моҳаи тоҷик Умаралӣ Назарзода дар шаҳри Санкт-Петербург вокуниши ҷиддии шахрвандӣ нишон медиҳанд. Баъди расонаӣ шудани ин қазия, дар радифи вокуниши мақомоти расмии Федератсияи Русия, аз қабили Раёсати Президенти Русия, Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Палатаи ҷамъиятии кишвар ҷомеаи шаҳрвандии Русия низ ба такон омад.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал ба Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрии кишвари мо дар Санкт-Петербург одамони одӣ, сокинони таҳҷоии ин кишвар зангҳои пайдарпайи телефонӣ намуда, изҳори ҳамдардӣ ва ҳамдилии хешро ба хонаводаи ғамзадаи тоҷик дар ин фоҷеа баён медоранд.
«Моро бубахш, Умаралӣ…» - эътирози ҷиддии мардуми одии рус ба марги тифли панҷмоҳаи тоҷик

Ахиран, дар шафати бинои Сафорати ҶТ дар ФР дар хиёбони Гранатний, 13 шаҳри Маскав ва дар назди бинои Консулгарии фахрии ҶТ дар Санкт-Петербург дастаҳои гул, бозичаҳои тифлона ва варақаҳо бо навиштаҷоти самимӣ, аз қабили «Моро бубахш…», «Моро набахш, Умар. Мо арзанда нестем…» пайдо шудаанд. Ин амалро Сафорати ҶТ дар ФР ҳамчун мавқеи шаҳрвандии сокинони Федератсияи Русия нисбат ба ин фоҷеа, эътирози ҷиддии онҳо бар зидди беаҳамиятӣ, бемасъулиятӣ ва хунукназарии баъзе мақомоти марбута арзёбӣ менамояд. Эҳсос мешавад, ки дар Русия раванди фароҳам омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ бо хусусиятҳои хоси башарӣ таҳким меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво