Дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷикро бо тантана ҷашн мегиранд
866
Санаи 12 марти соли ҷорӣ соати 16:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ қадрдонии фаъолони соҳаи матбуот ва ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мақола ва шеър дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ» бахшида ба 140- солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар назар аст. Ба иттилои манбаъ дар барномаи чорабинӣ намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо ва адабиёти тозанашр, инчунин барномаи адабию фарҳангӣ низ ҷой дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 371 рӯзнома (109 адад давлатӣ ва 262 адад ғайридавлатӣ), 243 маҷалла (113 адад давлатӣ ва 130 адад ғайридавлатӣ), 71 нашриёт (10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ), 11 оҷонсиҳои иттилоотӣ (1 адад оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 адад ғайридавлатӣ) дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма» фаъолият менамоянд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |