28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Cеминар – машварати Кумита дар вилояти Хатлон

1081
Cеминар – машварати Кумита дар вилояти Хатлон

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинар – машварат доир гашт.
Дар ҷамъомад Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Зоҳирзода Умед Тоҳир муовини раиси вилояти Хатлон, роҳбарони хадамоту раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, муовинони шаҳру ноҳияҳо, сармеъморони вилояти Хатлон ва дигар корхонаву идораҳои вобаста ба шаҳрсозӣ ва меъморӣ иштирок доштанд.
Нахуст, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон аз намоиши лоиҳаву ангораҳои сохташаванда дар ин вилоят шинос шуда, зимни суханронии худ дар маҷлис дастгирҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат нисбати рушду нумӯӣ санъати меъморӣ ва шаҳрсозиро қайд намуд. Дар идома Ҷамшед Ҷалол аз таҳияи Нақшаҳои генералӣ ва мушкилоту камбудҳои соҳа дар ин минтақа ҳарф зада, таъкид намуд, ки на ҳама сармеъморон имрӯз аз ӯҳдаи кор мебароянд ва онҳо зимни фаъолият асосан ба корҳои ҷории дуюмдараҷа машғул буда, вазифаву ӯҳдадориҳои худро иҷро намекунанд ва аз ҳолати воқеии иҷрои корҳои сохтмону ободкориҳои шаҳру ноҳияҳо ба пуррагӣ бархӯрдор нестанд.
Ба таъкиди Раиси Кумита зимни таҳияи лоиҳаҳо аз масолеҳи сохтмонии баландсифат кор гиранд ва дар хулосаҳои экспертизаи лоиҳаҳо махсус таъкид карда мешавад, ки дар сохтмони биною иншоот маводу масолеҳи сертификатсияшуда истифода карда шаванд. Инчунин қайд гардид, ки масъалаи ҳангоми лоиҳакашии бинову иншоот истифода бурдани маҳсулот, таҷҳизот ва мебели ватанӣ, то ба имрӯз ба таври бояду шояд иҷро нашудааст.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бинобар сабаби набудани нақшаҳои муфассал дар баъзе минтақаҳо ҳамагуна иншоот, аз ҷумла мағозаҳо, дӯконҳо, бозорҳои хусусӣ ва хонаҳои истиқоматии шахсиро, ки бе асноди лоиҳавию харҷномавӣ бар хилофи қоида ва меъёрҳои сохтмонӣ ҳастанд, иҷозат додаанд. Илова бар ин дар симои ин гуна биноҳо ягон санъати меъморӣ дида намешавад.Cеминар – машварати Кумита дар вилояти Хатлон
Искандаров Файзулло сардори Раёсати шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин семинар-машварат баромад намуда, гуфт, ки имрӯз дар соҳаи шаҳрсозӣ новобаста аз зиёд будани дастовардҳо, камбудиҳои ҷиддӣ низ то ҳол ҷой доранд. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар қаламрави бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бе риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе дастрасии қарори дахлдор ва ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудаанд, ки чунин биноҳо аз нигоҳи меъморӣ ва банақшагирӣ ҷавобгӯи талаботи имрӯза намебошанд. Аз ҷумла, зимни гузаронидани санҷишҳо дар шаҳри Бохтар маълум карда шуд, ки баъзе камбудиҳое, ки дар соли 2016 ошкор гадида буданд, то ҳол бартараф нашудаанд. Cеминар – машварати Кумита дар вилояти ХатлонАз 10 бинои санҷидашуда 4 бино берун аз нақшаи генералӣ, 3 бино бе ҳуҷҷати лоиҳаи тасдиқшуда, 1 бино бе риояи қоидаҳои сохтмон ва 1 бинои дигар дар зери хатти баландшиддати барқ ҷойгир аст. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муайян карда шуд, ки нақшаи 58 маҳаллаи ин минтақ дар замони шуравӣ тасдиқ шудааст, аммо як қисми онҳо то ҳол пурра нагардидааст. Санҷишҳо дар ноҳияи Вахш нишон медиҳад, ки иншоот бе ҳуҷҷати тасдиқшуда ба кори худ шурӯъ карданд. Бояд гуфт, ки ин гуна камбудиҳо дар ноҳияи Каёнуш низ ошкор гардидааст. Дар шаҳри Норак маълум гардид, ки 4 иншоот бе ҳуҷҷати тасдиқшуда сохта шуда, бе ҷалби ташкилотҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз тарафи кормандони раёсат дар ноҳияи Восеъ муайян карда шуд, ки 1 бино бе риояи нақшаи генералӣ ва ду иншоот бе иҷозатнома амал карда истодаанд. Сохтмони як иншоот дар шаҳри Кулоб бе риояи талаботҳои Нақшаи генералӣ, ду иншоот бе ҳуҷҷати лоиҳаи тасдиқшуда амал доранд.
Сардори Раёсати шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон аз дигар камудҳои ошкоргардидаи бинову иншооти вилояти Хатлон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки баъзе минтақаҳо дорои Нақшаи генералӣ мебошанд, вале аз тарафи масъулин дар мавриди интихоби қитъаҳои замин сатҳи релеф пурра ба назар гирифта нашудааст.
Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ корҳои сохтмону васлгарии иншоотҳои сохташаванда ва таъмиру барқарсозиро ба назорат фаро гирифта, камбудию нуқсонҳоро ошкор ва барои ислоҳи саривақтии онҳо амрномаҳо дода, нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд дар доираи муқаррароти қонунҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ меандешад.Cеминар – машварати Кумита дар вилояти Хатлон
Табарзода Раҳматулло сардори Хадамоти назорати давлатӣ низ дар навбати худ ба камбудиҳои ошкоргардида ишора намуда, таъкид кард, ки соли 2017 аз тарафи мутахассисон дар вилояти Хатлон 350 иншоотро зери назорат қарор дода, дар онҳо 842 камбудӣ ошкор намудаанд. Аз ҷумла, 36 камбудӣ дар сифати маҳсулоти сохтмонӣ, 249 камбудӣ сифати конструксияи оҳану бетонӣ, 10 камбудӣ бе хулосаи мусбии экспертиза ва ғайраҳоро дарбар мегирад. Доир ба камбудиҳои ошкоргардида нисбати фармоишгарон ва пудрачиён 66 қарори таини ҷарима қабул шуда, ба масъулин оид ба бартараф намудани онҳо 280 амрнома дода шудааст.
Сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ қайд намуд, ки аз ҳама муҳим сармуҳандисони лоиҳа, ки масъули асосии лоиҳаҳо ҳастанд, вазифаҳои хешро намедонанд ва аксаран аз беаҳмиятии онҳо лоиҳаҳо хулосаи манфӣ мегиранд. Ҳолати ташкили кор ва ислоҳи эродҳо дар баъзе пажӯҳишгоҳҳои калони лоиҳакашии ҷумҳурӣ ислоҳоти ҷиддиро талаб менамояд, зеро аз набудани мутахассисони соҳавӣ ҳолати ислоҳи эродҳо тул мекашад. Дар бисёр лоиҳаҳо талаботи оддитарин ба монанди имзои иҷрокунандагон, таҳияи дурусти тавзеҳоти лоиҳа, номи дурусти лоиҳа ва ғайраҳо пешниҳод карда намешаванд. Ба гуфтаи ӯ дар вилояти Хатлон дар соли сипаришуда танҳо 89 лоиҳа барои экспертиза пешниҳод шудааст, ки аз онҳо 85 лоиҳа хулосаи мусбиро гирифтааст.
Дар фарҷоми семинар Раҷабов Файзалӣ раиси Ассосатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, Зоҳирзода Умед муовини раиси вилояти Хатлон ва дигар иштирокдорон андеша ва пешниҳодҳои худро барои пешрафти минбаъдаи соҳа баён доштанд.
Неъмат Раҳмат,
мухбири махсуси “Рӯзномаи бинокорон”,
Душанбе-Бохтар-Душанбе




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво