11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Конститутсия - шоҳсутуни асосии давлат

275
Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ – Маҳмадсаидзода Абубакр, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Наботов Шукрулло, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарону кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.
Конститутсия - шоҳсутуни асосии давлат
Пас аз садо додани суруди миллӣ муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Абдураҳмон Раҳим меҳмононро хайрамақдам гуфта, аҳли толорро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф қайд намуд, ки таҷлили бистуҳаштумин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқи азизамон Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонд ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи асосӣ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонд.
Конститутсия - шоҳсутуни асосии давлат
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳия ва қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир доранд, таъкид менамоянд: "Бунёди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ташкил медиҳад, ки он ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад".
Аз ин лиҳоз, Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, ва вазъи иҷтимоӣ ба души давлат вогузор намудааст, ки дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.
Мо бо қабули Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи озоди дунявӣ ва адолатпарвар мебошад.
Бигзор, Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи сарбаландамон, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.
Маҳмадсаидзода Абубакр - муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар суханронии худ қайд намуд, ки бо дарназадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ, тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат шароити мусоид фароҳам оварданд.
Конститутсия - шоҳсутуни асосии давлат
Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.
Наботов Шукрулло муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар баромади худ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.
«РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво