19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе оид ба меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ конфронси байналмилалӣ доир мегардад

180
Дар Душанбе оид ба меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ конфронси байналмилалӣ доир мегардад25 ноябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ» бо иштироки намояндагони давлатҳои узви ИДМ, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ Конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор мегардад. Ин матлат 3 ноябр зимни ҷаласаи XXXV Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои узви ИДМ, ки тариқи онлайн баргузор гардид, баён шуд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода тариқи онлайн доир ба вазъи иҷтимоию меҳнатӣ дар Тоҷикистон ва тадбирҳои дар ин самт андешида, бо кор таъмин намудани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни шуғл, ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ маърӯза намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа якчанд қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво