20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод як микроавтобус ва ду техникаи коммуналӣ — туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расиданд

198
Ба шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод як микроавтобус ва ду техникаи коммуналӣ — туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расидандСокинони шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод туҳфаҳои фиристодаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро иборат аз як адад микроавтобус ва ду адад техникаи коммуналӣ бо хушҳолӣ қабул намуданд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

Шаҳраки дарбанди ноҳияи Нуробод навбунёд буда, корхонаи коммуналии он аз сабаби надоштани техникаҳои зарурии коммуналӣ барои кашонидани партовҳои гуногуни аҳолӣ ба мушкилии ҷиддӣ гирифтор буд. Хушбахтона, бо дастгирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин мушкилӣ дар ноҳия бартараф гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чанд рӯз қабл ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 37 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ фиристода шуданд.

Воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои коммуналӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо назардошти фаро расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун кумак дода шуданд. Ин воситаҳо, аз ҷумла ба шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ирсол гардиданд.



АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво