29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия гузаронида шуданд

120
БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия гузаронида шудандБори аввал дар ҷумҳурӣ аз ҷониби табибони тоҷик ва дар ҳамкорӣ бо табибони Швейтсария буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия ба роҳ монда шуданд. Ҷарроҳии мазкур дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Муовини директор оид ба корҳои муолиҷавии маркази мазкур Акбар Муродов гуфт, ки «муҳимияти ин намуди ҷарроҳиҳо дар он аст, ки раванди барқароршавии он назар ба бемороне, ки ба таври кушода ҷарроҳӣ мешаванд, ҳамагӣ ду-се рӯз давом мекунад».

Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии мамлакат ҳамчунин нақша дорад, ки дар ҳамкорӣ бо давлати Швейтсария бо истифода аз технологияи муосир ҷарроҳии қафаси синаро амалӣ намоянд.

Ба гуфтаи масъулин, беморе, ки бояд ҷарроҳӣ мегардид, 41-сола буда, бо шикоятҳои сулфа ва нафастангӣ ба марказ муроҷиат кардааст. Дар бемор томогрофияи компютерӣ гузаронида шуда, маълум гардид, ки дар дар қафаси синаи ӯ калоншавии гиреҳҳои ломфатикӣ ҷой доранд.

Табибон бо истифода аз технологияи навин яке аз гиреҳҳои ломфатикиеро, ки дар қафаси сина калон шуда буд, гирифта, онро барои ташхис пешниҳод ва бемориро аниқ мекунанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво