29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Самарқанд Ҳафтаи байналмилалии туризми саёҳатӣ ҷараён дорад

405
Дар шаҳри Самарқанд Ҳафтаи байналмилалии туризми саёҳатӣ ҷараён дорадДар шаҳри бостонии Самарқанд бо иштироки намояндагони беш 50 кишвари ҷаҳон Ҳафтаи байналмилалии туризми саёҳатӣ идома дорад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории чорабинии мазкур.

Дар доираи ҳафтаи мазкур конфронси илмӣ, намоишгоҳи «Меъмории муосири исломӣ», фестивал-ярмаркаи санъати амалии исломӣ, форуми «Осиёи Марказӣ–маркази санъати исломӣ» баргузор мешаванд.

Вазорати туризми ва мероси фарҳангии Узбекистон аз созмондиҳандагони хафтаи туризми зиёратӣ буда, ҳадафи он- рушди туризми зиёратӣ ва муаррифии зарфияти он дар Узбекистон мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи байналмилалии туризми зиёратӣ муовини Сарвазир-вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов ва Мудири маркази тамаддуни исломии Узбекистон Шоазим Миноваров доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Узбекистон дар бахши инкишофи сайёҳии зиёратӣ, имконият ва дурнамои рушди соҳа ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки Самарқанд шаҳри бузурги сайёҳӣ буда, солҳои охир ба маркази бузурги баргузории чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст.

Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии туризми саёҳатӣ меҳмонон ва иштирокчиён аз ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои қадимии Самарқанд, Бухоро ва Хива дидан намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Самарқанд

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво