14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат карда шуданд

109
Вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат карда шуданд Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ Сурайё Дӯстмуродзода ва Ғиёсиддин Ашурзода вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Абдуразоқов ва Абдуваҳоб Мирзоевро аёдат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Зимни аёдат ба вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ паёми роҳбарияти Маҷлиси намояндагон расонида шуда, барои хидматҳои бенуқсони чандинсола дар соҳаҳои гуногун ба нафъи халқу Ватан ва тарбияи кадрҳои болаёқату хештаншинос изҳори сипос баён гардид.

Тавре вакилон зикр доштанд, замоне, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардид, ҳамаи мардумро яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд, ҳеҷ кас ба ояндаи дурахшони кишвар бовар надошт, шумораи гурезагон аз хоки Тоҷикистон меафзуд, кишвар дар вартаи алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор гирифта буд. Иҷлосияи мазкур бинобар сабаби авҷи даргириву нооромиҳо дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Маҳз интихоби дурусти Раиси Шӯрои Олӣ буд, ки кишвар аз ҷанг бароварда шуд, гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд ва ниҳоят сулҳи деринтизор ба миллат ҳадя гардид. Ин иқдоми аввалини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ буд.

Тазаккур дода шуд, ки таҷрибаи сулҳофаринии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи дунё ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта шуда, дар кишварҳои ҷангзада мавриди омӯзиш ва амал қарор мегирад.

Таъкид гардид, ки имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳон бисёр мураккаб гашта, ба пойдории истиқлолияти баъзе кишварҳо таҳдиду хатар пеш омадааст.

-Дар ин марҳилаи ҳассос ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона, дурандешона ва созандаи фарзанди барӯманди миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошад ва Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонад,- зикр доштанд вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Абдуразоқов ва Абдуваҳоб Мирзоев имрӯзҳо бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу суботи комили Ватан давлати пирӣ меронанд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво