18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

САРБАНДИ «РОҒУН»- БАЛАНДТАРИН САДДИ ЗАМИНИИ ГИЛИВУ САНГӢ ДАР ҶАҲОН. Имрӯз ба оғози сохтмони он 6 сол пур шуд

1599
САРБАНДИ «РОҒУН»- БАЛАНДТАРИН САДДИ ЗАМИНИИ ГИЛИВУ САНГӢ ДАР ҶАҲОН. Имрӯз ба оғози сохтмони он 6 сол пур шудИмрӯз аз оғози сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» 6 сол сипарӣ шуд. 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана иштирок намуда, савори булдозер, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз намуданд ва обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» оғоз бахшиданд.

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин иншооти стратегӣ амалӣ шуда, ҳадафаш ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикист. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан- мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».

Сарбанди «Роғун»- баландтарин садди гиливу сангӣ дар ҷаҳон

НБО «Роғун» ба силсилаи иншооти энергетикии Вахш дохил буда, дар километри 110-уми шарқи Душанбе воқеъ аст. Неругоҳ аз 6 чархаи 600 МВт иборат буда, сарбанди «Роғун» бо 335 метр баландтарин садди заминӣ -гиливу сангӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда, бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти кишварамон бо барқ пурра қонеъ гардида, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такон бахшида шавад.

САРБАНДИ «РОҒУН»- БАЛАНДТАРИН САДДИ ЗАМИНИИ ГИЛИВУ САНГӢ ДАР ҶАҲОН. Имрӯз ба оғози сохтмони он 6 сол пур шуд


17 млрд кВт-соат неруи барқ -истеҳсоли солонаи «Роғун»

Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромадан дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол намояд. Истифодаи обанбор барои эҳтиёҷоти энергетикӣ ва обёрии заминҳои лалмӣ пешбинӣ мегардад. Бо мақсади тезонидани суръати сохтмони неругоҳ соли 2007 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуда, Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии «Salini Impregilo»-и Италия қарордод ба имзо расонд.

САРБАНДИ «РОҒУН»- БАЛАНДТАРИН САДДИ ЗАМИНИИ ГИЛИВУ САНГӢ ДАР ҶАҲОН. Имрӯз ба оғози сохтмони он 6 сол пур шуд


Анъанаи ниёгон: Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳои худро бе об намемонанд

НБО «Роғун» на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дошта, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамҷавор ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об истифода мешавад. Доир ба лоиҳаи «Роғун» ва нияти неки ҳамсоядорӣ нисбат ба кишварҳои ҳамҷавор соли 2007 Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани тадқиқоти лоиҳаи сохтмони «Роғун» муроҷиат намуд. То соли 2014 ташхиси муфассали ҷанбаҳои техникӣ, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи «Роғун» баргузор ва силсилаи муҳокимаҳои кушод бо иштироки кишварҳои ҳамсоя доир шуд. Бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохтмони НБО «Роғун» ва обанбори он аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуда, барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар арзёбӣ гардид.

Тоҷикистон бо бунёди ин неругоҳ на танҳо манфиати дохилии худ, балки кишварҳои минтақаро ба инобат гирифтааст. Ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар самти татбиқи тарҳҳои судманди марбут ба обу энергетика яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат буда, ба гуфтаи Сарвари давлат, «мо тарафдори ҳамкории самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем. Ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки халқи тоҷик давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст. Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо бо идома додани ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем».

Ҷойгоҳи волои Пешвои миллат дар бунёди «Роғун»

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори сохтмони неругоҳи «Роғун» буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ саъю талош менамоянд. Сохтмони «Роғун» таҳти назорати бевоситаи Президенти кишвар қарор дошта, борҳо зимни сафарашон ба шаҳри Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим шинос гардидаанд. Моҳи сентябри соли 2005 Пешвои миллат дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ иштирок намуда, гуфта буданд, ки «сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

Тӯли солҳои 2006-2016 қариб ҳар сол бо мақсади пешбурди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ Президенти кишвар силсилабоздидҳоро ба Роғун анҷом дода, ба масъулин дастуру супориш медоданд. 16 ноябри соли 2018 дар маросими тантанавӣ чархаи якум ва моҳи сентябри соли 2019 чархаи дуюми «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузург оғоз бахшиданд. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро қонеъ намуда, барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва рушди соҳаи кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, сайёҳӣ мусоидат намуда, ҳазорҳо ҷойҳои корӣ муҳайё мешаванд. Имрӯзҳо бо саъю талоши Пешвои миллат сохтмони Роғун босуръат идома дорад, ки бозгӯи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари давлат аст.

САРБАНДИ «РОҒУН»- БАЛАНДТАРИН САДДИ ЗАМИНИИ ГИЛИВУ САНГӢ ДАР ҶАҲОН. Имрӯз ба оғози сохтмони он 6 сол пур шуд


Бунёди «Роғун»- намунаи беназири ватандӯстӣ ва мардонагӣ

Корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи «Роғун» бо ҷалби беш аз 60 ташкилоту муассиса, пудратчиёни ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз 10,5 ҳазор коргарону муҳандисон ва техникҳо ҷараён дошта, мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, 3219 ададро ташкил медиҳанд. Сохтмони неругоҳ аз коргарону мутахассисон ва нақбканҳо заҳмат ва матонат тақозо менамояд, чунки 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд. Бунёди «Роғун» барои коргарон мактаби нодир аст, зеро садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд. Ҳазорҳо мутахассисону коргарони маҳаллии бонангу номус бо дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ меҳнат намуда, саҳми худро дар радифи мутахассисони хориҷӣ дар бунёди неругоҳ гузошта истодаанд. Ҳар боздиди Пешвои миллат аз ҷараёни сохтмони неругоҳ рӯҳияи коргарону мутахассисонро болида намуда, онҳо ҳидоятҳои Сарвари давлатро барои босифат анҷом додани кор дар ин иншооти стратегӣ сармашқи кори худ қарор додаанд. Сохтмончиёни ин иншооти бузург дар ин саҳнаи нангу номуси миллӣ заҳмати созанда, шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон медиҳанд. «Роғун» ба майдони бузурги мардонагӣ, ба камол расонидани мутахассисони соҳаи энергетикаи тоҷик табдил ёфта, намунаи барҷаста ва беназири ватандӯстӣ ва мардонагист.

САРБАНДИ «РОҒУН»- БАЛАНДТАРИН САДДИ ЗАМИНИИ ГИЛИВУ САНГӢ ДАР ҶАҲОН. Имрӯз ба оғози сохтмони он 6 сол пур шуд


«Роғун»- беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ

«Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат имконияти хуб пайдо мешавад. Он инчунин ба рушди иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли «неруи сабз», ҳифзи экология, инчунин дар доираи тарҳи CASA–1000 ба афзоиши содироти неруи барқ ба бозорҳои энергетикии минтақа мусоидат менамояд. Бо ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он ин неругоҳ метавонад барои ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад. Корҳои сохтмонӣ дар дигар чархаҳои неругоҳ идома дошта, марҳила ба марҳила бо ҷаҳду талоши муҳандисону сохтмончиён мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Имрӯз «Роғун» ба майдони воқеии нангу номус, арсаи фидокории мардум ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон табдил гардидааст. Бо пурра ба истифода додани неругоҳ Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад, ки он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво