26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни донишгоҳҳои аграрии Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад

120
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Қаҳрамон Юлдашев дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Мусоҳибон масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар самти кооператсияи саноатӣ ва кишоварзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.

Инчунин доир ба тақвияти корҳо дар самти боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ изҳори назар карда шуд.

Дипломати тоҷик барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии аграрии Узбекистон пешниҳод ироа намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Узбекистон ҷонибдорӣ гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво