БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон маркази савдои «Хорог сити» ифтитоҳ ёфт![]() ![]() Дар маросими ифтитоҳи маркази савдо муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Низом Мирзозода ва Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода иштирок намуданд. Ризо Назарзода бо ин иқдоми нек соҳибкорро намунаи ибрат ва пайравӣ дониста, таъкид дошт, ки ҳамарӯза соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар шаҳри Хоруғ дар арсаи созандагию ободкорӣ саҳми арзанда мегузоранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардум пайваста таъкид мекунанд, ки «Ватанро дар сухан не, балки сидқан, аз самими қалб дӯст дорему дар ободии он саҳм гузорем». Низом Мирзозода ин иқдоми некро баҳри рушди соҳаи савдо иқдоми саривақтӣ шуморида, барои таҳким бахшидан ба хизматрасонии ин марказ дастурҳои иловагӣ дод. Маркази савдо аз чор ошёна иборат буда, ояндаи наздик дар ошёнаҳои боло хизматрасониҳои дигар низ ба роҳ монда мешаванд. АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |