БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар Боғи фарҳангию фароғатии назди Қасри Арбоб 10 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуданд![]() ![]() Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. 26 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар боғи бунёдшаванда ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд. Раиси вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро дар ин мавзеъ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Қаблан низ дар ҳудуди боғи мазкур дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шуда буданд ва ҳоло теъдоди ниҳолҳо ба 1000 бех расид. Мавриди зикр аст, ки тантанаҳои идона ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб доир шуда, ба ин муносибат корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру тармими иншооти фарҳангию таърихӣ идома доранд. АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |