30 май 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Паёми Пешвои миллат пурра фарогири манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад

587
Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо мақсади тарғиби мазмуну муҳтаво ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иброз дошт, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти иҷтимоӣ дошта, пурра барои манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо ҳаёти шоиста таъмин намудани онҳо равона гардидааст.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти миллӣ ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ, аз моҳи сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд гардида, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин раванд барои рушди соҳаи иҷтимоии мамлакат бисёр муҳиманд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр шуд, ки Президенти Тоҷикистон дар Паёми хеш ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ин иқдом идомаи мантиқии чораҳои марбут ба ҳавсмандгардонии соҳибкорӣ, ки қаблан аз ҷониби Сарвари давлат ҷорӣ гардида буд, мебошад. Зеро маҳз чунин иқдомоти пайгирона шароит фароҳам месозад, ки соҳибкорони ҷумҳурӣ бо дили гарм ва меҳнати содиқона дар таҳкими инфрасохтор, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар раванди аз давлати аграрӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузоранд.

Дар анҷом меҳмонон дархосту пешниҳодҳои намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон»- ро шунида, ба саволҳои онҳо посух доданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво