29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони мизбони Конфронси оби СММ — 2023 — Тоҷикистон ва Нидерланд бо Президенти иҷлоси 77 — уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот карданд

153
Намояндагони мизбони Конфронси оби СММ — 2023 — Тоҷикистон ва Нидерланд бо Президенти иҷлоси 77 — уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот карданд19 октябр мулоқоти мизбонони Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023- намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Ёка Брандт бо Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Чаба Корошӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳвари суҳбатро масъалаи омодагӣ ба Конфронси 2023, ки 24-25 октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ доир мегардад, ташкил кард. Бояд зикр кард, ки дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои муколамаи интерактивии Конфронси 2023 ниҳоӣ хоҳанд шуд.

Дафтари Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид омодагии худро ҷиҳати бомуваффақият баргузор намудани Конфронси 2023 бо мақсади татбиқи саривақтии Ҳадафҳои рушди устувор, бавижа ҳадафи 6-уми он ва дастгирии мизбонони конфронс дар ин раванд изҳор намуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд.

Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво