25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумаки моддии Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони деҳоти водии Бартанг

843
Кумаки моддии Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони деҳоти  водии Бартанг
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Сада, ки яке аз қадимтарин идҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ба сокинони деҳоти дурафтодаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кумаки моддӣ расонд.
Раиси ҷамоати деҳоти Савноби ин водӣ Малабек Малабеков аз кумаку ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳоти дурдасти водии Бартанг изҳори сипос намуда, гуфт, ки “сокинони водӣ дар як муддати кӯтоҳ бартараф сохтани оқибатҳои заминҷунбии соли 2015 дар деҳаи Ғудараи ин ҷамоатро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бар асари ин офати табиӣ 32 хонавода аз манзилашон маҳрум гаштанд. Ин ҳодиса дар фасли зимистон, дар фасле, ки бар асари сангчарху тармафуроӣ роҳҳои мошингард зуд-зуд баста мегарданд, рух дод. Сарфи назар аз ин, бо супориши Пешвои миллат аксари роҳбарони сохторҳои марбута савораву пиёда худро ба ин деҳа расонданд. Хисороту зарари расондаи зилзиларо муайян ва маълумотро ба ҳукумати мамлакат пешниҳод карданд. Рӯзи дигар кумакҳои аввалини тиббӣ ва маводи ғизоӣ тавассути чархболҳо интиқол дода шуданд. Дар бозгашт ба воситаи ин чархболҳо беморон, кӯдакону шахсони барҷомондаро ба маркази ноҳия интиқол доданд. Дар як муддати кӯтоҳ 32 хонаи нави истиқоматӣ бо тамоми шароити зиндагӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Роҳу кӯпрукҳои мошингарди ин водӣ бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмиру аз нав сохта шуданд. Ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд”.

Раиси ҷамоати мазкур гуфт, ки зимистони имсола агарчӣ камбарф аст, аммо ҳаво хеле сард буда, сокинон бештар ба маводи сӯхт ниёз доранд. Инро ба инобат гирифта, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар баробари кумаки ғизоӣ, ҳамчунин барои сокинони деҳоти дурдаст 30 тонна ангиштсанг фиристод.

Ин барои бошандагони ҷамоати деҳоти Савноби водии Бартанг кумаки хеле зарурӣ ва саривақтӣ буда, пиру барнои ҷамоат ба ӯ изҳори сипос менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво