28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Антониу Гутерриш дар Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм дар Душанбе чолишҳо дар марзҳо ва ҷиноятҳои созмонёфтаро таҳдид ба ҷаҳони муосир номид

460
Антониу Гутерриш дар Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм дар Душанбе чолишҳо дар марзҳо ва ҷиноятҳои созмонёфтаро таҳдид ба ҷаҳони муосир номид«Дар асоси Оинномаи СММ вазифаи мо он аст, ки таҳаммулпазирӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягиро дар таъмини амнияти сарҳад, ҳуқуқи инсон, убуркунандагони сарҳадҳо ва муҳоҷирон ба роҳ монем», — гуфт имрӯз дар паёми видеоии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш.

Ба гуфтаи Антониу Гутерриш, чолишҳо дар марзҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои созмонёфта таҳдид ба ҷаҳони муосир мебошанд.

«СММ ва дигар ташкилот роҳҳои ҳалли муштараки ҳамоҳангшуда пешниҳод мекунанд. Ин аз мо талаб мекунад, ки ба таври дастҷамъона назар ва сабабҳои аслию дигар омилҳои тундгароиро дарк кунем. Созмони Милали Муттаҳид уҳдадор аст, ки зимни ҳамкории бевосита ва якҷоя барои сулҳ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он фаъолият барад», — илова намуд Дабири кулли СММ.

АКС: АМИТ «Ховар»





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво