24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ. Дар Хуҷанд бахшида ба 30-солагии он ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

269
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз- заминаи рушди босуботи Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ. Дар Хуҷанд бахшида ба 30-солагии он ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд, дар ҳамоиши идона мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, вакили Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ Рафиқа Мусоева, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова ва хизматчиёни давлатии ниҳодҳои давлатии ҳудуди вилояти Суғд иштирок намуданд.

Иштирокчиёни бевоситаи иҷлосияи таърихӣ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ вобаста ба аҳамияти баргузории ин ҷаласаи таърихӣ, нақши он дар кори ба эътидол овардани вазъияти ҳассос дар он давра, заҳматҳои нотакрор ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳи комил, таъмини истиқлолияти давлатӣ, пойдориву ягонагии миллату давлат сухан гуфтанд.

Яке аз иштирокчиёни он, собиқ вакили мардумӣ Рафиқа Мусоева гуфт, ки бо шарофати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ба мо, халқи тоҷик имконият фароҳам омад, ки баъди ҳазорсолаҳо таърих, забону фарҳанг, суннату арзишҳои неки ниёгонро ба хотири эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати сохибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрузу фардо эҳё намоем.

«Тоҷикистон бо сиёсати сулҳҷуёнаю созанда, ҷонбозиҳо, заҳматҳои басо сангин ва азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 31 сол дар тамоми соҳаҳо, дар сатҳи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб гардид. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ нуфузу эҳтироми хоссаро соҳиб гаштааст»,- афзуд Рафиқа Мусоева.
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ. Дар Хуҷанд бахшида ба 30-солагии он ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шахсиятҳои барӯманд, хизматчиёни давлатии собиқадор, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва собиқ вакили вилоятӣ, узви комиссия оид ба таъсиси вилояти Ленинобод, котиби кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Ленинобод Баҳриддин Аҳмадовро аёдат намуданд.

Ҳайати роҳбарият аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Баҳриддин Аҳмадов табрик гуфтанд.

Дар навбати худ собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Баҳриддин Аҳмадов Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро неъмати бузурги таърих барои миллати тоҷик арзёбӣ намуда, аз ҷонфидоиҳои Президенти мамлакат ёдовар шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво