28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт

379
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз ёфтДар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмуни мазкур муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси ҳакамони озмун Муртазо Зайниддинзода ва сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода иштирок намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму дониш, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруи зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Зикр шуд, ки озмун аз рӯйи панҷ номина баргузор мешавад: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср.

Иштирокчиёни номинаҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ;

— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври вилоятии озмун барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) роҳхат мегиранд.

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нимаи якуми моҳи декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво