19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Омўзиши Паём барои беҳбудии кор

665
Омӯзиши Паём барои беҳбудии кор
Мувофиқи Нақша чорабиниҳои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Кумита барои боз ҳам мукаммал омӯхтани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷамъ омаданд.
Ҳозирин дар ин нишаст ба мавзӯъҳои муҳими дар Паём ёдрасшуда ишора намуданд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи созанда хизмат кардаанд. Мо ҷавонон низ кушиш ба харҷ хоҳем дод, ки то суннат ва анъанаҳои ниёгонмонро ҳифз намоем.

Аз ҷумла Абубакр Сафарзода гуфт, ки сарвари давлат дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад. Инчунин зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста тадбир меандешад.
Омӯзиши Паём барои беҳбудии кор
Ба андешаи Абдусамад Рашидов нуктаи муҳими Паёми сарвари давлат, ки на танҳо ба мо тоҷикон, балки ба тамоми мардуми сайёра нигаронида шуда буд, ин масъалаи терорризм мебошад. Ў зикр кард, ки яке аз мушкилоте, ки имрӯз мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ин пайдо шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва шомил шудани ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо мебошад. Терроризм ва экстремизм дар Паёми Пешвои миллат хамчун вабои асри нав ва мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ баён гардид. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳар яки мо бояд бар зидди ин хатари ҷаҳонӣ мубориза бурда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоем.
Дар охир иштирокдорон қайд намуданд, ки барои беҳбудӣ бахшидан ба корҳо дар оянда аз Паёми созандаи Пешвои миллат босамар истифода хоҳанд кард.
Мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво