8 декабр 2023, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бонки миллии Тоҷикистон тарҳи нави лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд

118
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тарҳи нави лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шудМасъалаҳои ташаккули тарҳи нави лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон», такмили ҷузъҳои он бо мақсади татбиқи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои минбаъдаи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси калони бахши рушди рақамӣ Чарлз Хёрпи дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гулбаҳор Назирӣ аз ҳамкории судманд ва кумакҳои ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф гуфт, ки татбиқи ин лоиҳа барои амалисозии мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, бахшҳои бонкию молиявӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ва беҳтар намудани дастрасии молиявии қишрҳои васеи аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки татбиқи онҳо ба рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ таъсири мусбат мерасонад, шинос гардидд. Амалисозии лоиҳаҳои мазкур корро дар ин самт самаранок гардонида, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва суботи низоми бонкию молиявии кишварро таъмин менамояд. Мутахассисони калони бахши рушди рақамӣ Чарлз Хёрпи ва Анелия Мюллер аз ҳамкории доимии судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки машварату муҳокимаҳо дар самти пешбурди лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» идома доранд.

Зикр шуд, ки лоиҳа аз се банд иборат буда, дар он пешниҳоди босифати хизматрасониҳои давлатӣ, татбиқи пурраи самти иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии рақамии аҳолӣ ва мансабдорони давлатӣ дарҷ гардидааст.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳамкории пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба рушди шабакаҳои дастрасии хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, пешниҳоди маҳсулоти молиявии босифат, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ мусоидат менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво