Дар Хуҷанд ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон зеботарин боғ ифтитоҳ меёбад![]() ![]() Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, сохтмони ин боғ ба ифтихори 30-солагии яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин ва тақдирсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол таҷлил карда мешавад, роҳандозӣ шуда, дар назар аст, ки он миёнаҳои моҳи ноябр ба истифода дода шавад. Дар ҳудуди боғ корҳои батартибдарории роҳравҳо, насби курсиҳо ва фаввораҳо ҷараён доранд. Мувофиқи нақшаи лоиҳа, иншоот дарвозаҳои асосӣ, ҷойҳои истироҳатӣ, гулгашту фаввораҳо, инчунин таваққуфгоҳи мошинҳоро дар бар хоҳад гирифт. Ёдовар мешавем, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардиданд. Муаррихону коршиносони сершумори дохиливу хориҷӣ ин иҷлосияро рӯзи барқарории сохти конститутсионӣ, оғози сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва парлумонӣ дар Тоҷикистон медонанд. АКС аз манбаъҳои боз
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |