28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 130 нафар ҷавонони Спитамен ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд

194
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 130 нафар ҷавонони Спитамен ба сафи Артиши миллӣ пайвастандДар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 130 нафар наваскар ба Артиши миллӣ сафарбар гардида, барои иҷрои қарзи шаҳрвандии хеш камари ҳиммат бастаанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен.

Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода наваскаронро ба хидмати содиқонаву софдилона ҳидоят намуда, дар бораи нақши ҷавонон дар таъмини амнияти миллӣ гуфт, ки Артиши миллӣ мактаби шуҷоат ва ҷасорат буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои милливу оиладорӣ тарбият мекунад.

Ойгул Сотиболдиева, модари наваскаре, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст, дар бораи вазифаву масъулияти ҷавонон дар ҳифзи марзу буми Ватан сухан гуфт.

Дар фарҷом ба волидони аскароне, ки ҳоло дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Исфара хизмат доранд, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо туҳфаҳо тақдим гардид.

Ҳамзамон ба як гурӯҳ ҷавонон, ки курсҳои ронандагиро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 130 нафар ҷавонони Спитамен ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд


АКС:Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво