19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии Шанхай иштирок мекунанд

694
Ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратии назди Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюн Ян дар Душанбе баррасӣ гардид.
Тарафҳо аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии молҳои тавлидотии Чин, ки моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе доир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Шариф Саид зикр кард, ки Тоҷикистон ба иштироки сохторҳои тиҷоратии Чин дар лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии ҷумҳурӣ манфиатдор аст. «Мо бояд ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро беш аз пеш, хусусан дар бахшҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди металлҳои қиматбаҳо, нафт, металлургия, мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, фармасевтика, технологияҳои иттилоотӣ ва кишоварзӣ таҳким бахшем»,-иброз намуд Ш. Саид.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон дорои беш аз 470 лоиҳаи сармоягузорӣ буда, дар ин росто мо омодаем, ки сармоягузорони чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмон, бахши бонкдорӣ, саноати дорусозӣ, маориф ва туризм иштироки фаъол дошта бошанд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи марбут ба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Чин доир мегардад, баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки иштироки доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур имконияти фарохро ҷиҳати муаррифии маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон, бахусус баланд бардоштани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.

Шариф Саид Сюн Янро бовар кунонд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар доираи ваколати худ кӯшиш менамояд, ки доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ дар Шанхай иштироки фаъол намоянд, зеро он дар татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва ивазкунандаи воридот барои солҳои 2016-2020» мусоидат менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво