Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ иштирок дорад![]() ![]() Конфронси минтақавӣ таҳти васояти Ташкилоти байналминалии меҳнат баргузор гардида, дар он Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Муғулистон ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд. Директори бахши кор бо федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат Мария Ҳелена Андре ба кори конфронс оғоз бахшид. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар конфронс сухан гуфта, ба ҳозирин оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Зимни кори конфронс мулоқоти кории дуҷониба бо Директори бахши ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касабаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат Мария Ҳелена Андре доир шуд, ки дар ҷараёни он ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва бахшҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамкории кунунии дуҷонибаро муфид арзёбӣ карда, барои дар оянда рушд додани он омодагии ҳамаҷонибаашонро иброз доштанд. Акс: ФИКМТ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |