24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати расонидани хизмати сатҳи баланд ба мизоҷон ҳамоиш доир шуд

215
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати расонидани хизмати сатҳи баланд ба мизоҷон ҳамоиш доир шудАз рӯи таҳлилҳои оморӣ, дар шашмоҳаи якуми соли равон зиёда аз 360 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд мебошад. Ин матлаб 4 октябр зимни баргузории ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат доир ба беҳтар намудани имконияти хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, бахши меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, осоишгоҳҳу табобатгоҳҳо, муассисаҳои олии таълимӣ ва миёнаи махсус, ки мутахассиси соҳаи сайёҳӣ омода месозанд, бахшҳои сайёҳии Кумита дар маҳал ва ВАО иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷуразода иброз намуд, ки ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, фурудгоҳҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба кишвар, таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо вобаста ба беҳтар намудани имконияти хизматрасонӣ Кумита тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст.

Тоҷиддин Ҷуразода аз намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши сайёҳии ҷумҳурӣ даъват кард, ки бо дарки масъулияти баланд бобати пешниҳоди хизматрасониҳои баланд ба меҳмонону сайёҳон, омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Бояд гуфт, ки сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ҷараёни нишаст иштирокдорон зикр намуданд, ки маҳз натиҷаи тарғибу ташвиқи васеи иқтидорҳои сайёҳӣ дар дохил ва хориҷ аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ тибқи арзёбиҳои созмону шабакаҳои бонуфузи иттилоотии байналмилалӣ соли равон мавқеи намоёнро ишғол намуд.

Тибқи назарсанҷиҳо, сайёҳони хориҷӣ ҳангоми боздид аз Тоҷикистон бештар ба сайёҳии кӯҳнавардӣ, шиноварӣ, рафтинг, шикор, моҳидорӣ, аспсаворӣ, саёҳати экстрималӣ-ҷипсаворӣ, боздид ва тамошои маконҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ, ки солҳои охир хеле рушд намудаанд, машғул мешаванд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво