29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

72
Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шудВарзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр дар шаҳри Пловдиви Булғористон шурӯъ шуд, ки то 9 октябр идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон дар 5 гурӯҳ вобаста ба синну сол (дар ҳар гурӯҳ 6 вазн) иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо ду нафар – бародарон Ҷамшед ва Зайниддин Мақсудовҳо дар ин мусобиқа ширкат карданд.

Дар рӯзи дуюми нерусанҷиҳо Ҷамшед Мақсудов дар вазни 70кг-и гурӯҳи «D» ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуд. Рақобатҳои ин вазн нахуст ба таври даврӣ сурат гирифта, Ҷамшед дар даври аввал аз Шамше Тлашадзеи гурҷистонӣ мағлуб шуда, дар ду даври дигар бар Гунар Спрунк (Олмон) ва Ивайло Саров (Булғория) пирӯз гардид ва ба нимфинал баромад.

Дар нимфинал варзишгари мо ба муқобили намояндаи Узбекистон Убайдулло Эргашев дастболо шуд ва дар финал боз ҳам бо варзишгари Гурҷистон Шамше Тлашадзе вохӯрда, мағлуб гардид. Ҷои сеюмро намояндаи Олмон Стефан Биттменн сазовор шуд.

Зайниддин Мақсудов дар вазни -78кг-и гурӯҳи «С» ҷои панҷумро касб кард. Зайниддин дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Владимир Овсяников ғолиб омад, аммо дар нимфинал аз варзишгари Словакия Атилла Райз ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Албания Мираш Палӣ шикаст хӯрд.

АКС: КМО Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво