30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор лавҳаи рамзии «Водии зарнисор» ифтитоҳ шуд

196
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор лавҳаи рамзии «Водии зарнисор» ифтитоҳ шудБа ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гардиши роҳи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор ҳамоиши тантанавӣ ва маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ бо номи «Водии зарнисор» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Лавҳаи мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгирии соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд дар масоҳати умумии 260 метри мураббаъ бо сутуни баландиаш 17 метр ва паҳноии пояаш 13 метр бунёд шудааст.

Рӯи пояи он, ки аз сангҳои қиматбаҳои ватанӣ бино ёфтааст, бо хатҳои заррин суханони мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳисор таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҷузъи муҳимтарини таърихи пурғановати халқамон ва далели раднопазири яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон будани он мебошад” ва поёнтар аз он ибораи “Водии зарнисор” ҳаккокӣ шудаанд. Дар маркази лавҳа сутуни уфуқӣ қад афрохта, бо назардошти таърихи бостонӣ доштани шаҳри Ҳисор дар қисмати болои он намунае аз рамзи 3000-солагии Ҳисор, ки дар арафаи таҷлили ин ҷашн бо дастури Президенти мамлакат тасдиқ гардида, муаллифонаш олимони шодравон Давлатхӯҷа Довудӣ ва Музаффар Азизов мебошанд, насб шудааст. Он аз грифони афсонавии парандаи болдор, ки дар гузаштаи дур дар Эрон ва Осиёи Марказӣ парастиш меёфт ва грифони дарандаи болдор-шер, ки дар Байнаннаҳрайну Ҳиндустон маъруф буда, рӯ ба ду ҷониб тасвир шудаанд, иборат мебошад. Дар қисмати пеши он барги ток ва хӯшаи ангур ҳамчун рамзи фаровонии водӣ ва хушнудию абадият тасвир ёфтааст.

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар гуфт, ки лавҳаи рамзии “Водии зарнисор” давоми мантиқии таҷлили шаҳри куҳанбунёди дорои таърихи беш аз 3000-сола буда, дар партави корҳои созандаю ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ бунёд гардидааст. Инчунин он марбут ба яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,. “Водии зарнисор” номгузорӣ шудани лавҳа низ ба водии файзбору зарнисор ва таъмингари неъмати кишоварзӣ эътироф гардидани он дар минтақа аз замонҳои қадим марбут аст.

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор лавҳаи рамзии «Водии зарнисор» ифтитоҳ шуд


Ҳудуди имрӯзаи водии Ҳисор макони буду боши ориёиҳо буда, дар сарчашмаҳои қадим, бахусус маъхазҳои ҳиндуаврупоӣ бо номи Кумит дарҷ шудааст. Он қисмати ҷанубии водии Қаротегину Норак, ҳавзаҳои дарёҳои Кофарниҳон ва Қаротоғ то Бойсуну Деҳнав- қад-қади қаторкӯҳҳои Ҳисорро дар бар мегирифтааст. Шаҳри Ҳисор аз қадим маркази сиёсию иқтисодии водии Ҳисор ва ба ибораи дигар, дили водӣ ба ҳисоб мерафт. Дар Ҳисор ҳунармандӣ, аз қабили кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар санг ва чӯб, ки дар Осиёи Миёна ва берун аз он маъруф буд, ниҳоят тараққӣ карда, дар хотироти сайёҳони аз ин диёр боздиднамуда қайд шудааст.

Ҳисор бо таърихи бойи худ хусусияти хоси давлатҳои Осиёи Марказиро инъикос карда, дар тиҷорати байналмилалӣ нақши муҳим мебозид. Имрӯз меҳмонону сайёҳоне, ки аз ду ҷониб вориди водӣ мегарданд, бо шарофати ин лавҳаи дорои рамзи таърихӣ зимни шиносоӣ бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Осорхонаи марказӣ ва дигар ёдгориҳои таърихии шаҳр ба таъриху фарҳанг, шаҳрдорию шаҳрнишинии мо, ки аз давраҳои бостон маншаъ мегирад, баҳо хоҳанд дод.

Дар ҳамоиш ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ муовини Сарвазири мамлакат Ҷамолиддин Мансуров, доктори илми фалсафа Кароматулло Олимов, нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо ва Ато Ҳамдам, адиб Султонмуроди Одина сухан карданд. Нотиқон бунёди ин лавҳаи «Водии зарнисор»-ро бо рамзи 3000-солагии Ҳисор дар ин мавзеи зебои водӣ, ки дар гузашта маркази тамоми Бухорои Шарқӣ ва тӯли қариб 3000 сол маркази водии зархез ва яке аз марказҳои муҳими сиёсиву фарҳангии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, садсолаҳо қабл Шоҳроҳи Бузурги Абрешим низ аз он мегузаштааст, амри воқеӣ номиданд. Лавҳаи мазкур барои сокинони водӣ, бахусус шаҳри Ҳисор рӯйдоди муҳими таърихию фарҳангӣ арзёбӣ гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво