29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хадамоти гумрук татбиқи лоиҳаи низоми «АСИКУДА» ба таври расмӣ оғоз ёфт

179
Дар Хадамоти гумрук татбиқи лоиҳаи низоми «АСИКУДА» ба таври расмӣ оғоз ёфт Дар мақомоти гумруки Тоҷикистон татбиқи «Системаи автоматикунонидашудаи «АСИКУДА» оид ба коркарди маълумоти гумрукӣ» ба таври расмӣ оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маросими оғози он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) Ребекка Гринспен, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, СММ ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ иштирок намуданд.

Хуршед Каримзода зикр намуд, ки низоми мазкур дар доираи ҷузъи сеюми марҳилаи чоруми Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» амалӣ карда мешавад. 22 июни соли 2022 Созишнома миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) барои татбиқи системаи «АСИКУДА» ба имзо расид.

Низоми идоракунии гумрукӣ фарогири аксари расмиёти савдои берунӣ буда, ба коркарди манифестҳо, декларатсияҳои бори гумрукӣ, баҳисобгирии амалиёти транзитӣ, интизорӣ, таҳиякунандаи маълумот оид ба савдо, ки ин маълумот метавонад барои таҳлили иқтисодиёт ва омор, инчунин дигар равандҳои тиҷорат истифода гарданд, равона шудааст.

Ба андешаи Хуршед Каримзода, татбиқи низоми «АСИКУДА» дар содагардонии савдо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди савдо, вусъати тиҷорати байналмилалӣ ва баланд бардоштани раддабандии сармоягузории кишвар дар оянда нақши муҳим дорад.

Дабири кулли Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) хонум Ребекка Гринспен атрофи масъалаҳои навсозии низоми гумрукӣ гуфт, ки татбиқи низоми «АСИКУДА» дар 101 давлати ҷаҳон ба роҳ монда шуд.

Ребекка Гринспен ҳамчунин доир ба имконияте, ки истифодаи низоми нав барои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад, аз ҷумла, коҳиши вақти барасмиятдарории гумрукӣ, рақамикунонии амалиёти гумрукӣ ва ҳамгироии имконоти пардохтҳои электронӣ ибрози назар намуд.

Зимнан зикр гардид, ки ин талошҳо бахше аз стратегияи Тоҷикистон барои ба бозори ҷаҳонӣ боз кардани иқтисод ва ноил шудан ба тағйироти сохторӣ, бахусус дар соҳаи зерсохтори нақлиёт ва диверсификатсияи содирот мебошад.

Инчунин ҳамоҳангсози минтақавӣ ЮНКТАД Дмитрий Годунов бо рӯнамо баромад намуда, гуфт, ки татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба низоми «АСИКУДА» имкон медиҳад, ки низоми пурраи электронии идоракунии гумрукӣ дар сатҳи миллӣ ҷорӣ карда шавад. Ҷорӣ намудани низоми муосири гумрукӣ мутобиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идоракунӣ ва афзоиши даромади гумрукӣ амалӣ мегардад.

Лоиҳаи «БРАМОМ-4», ки дар доираи он низоми «АСИКУДА» ҷорӣ мегардад, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво