28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СММ дар бораи кушта шудани беш аз 40 нафарро дар таркиши Кобул хабар дод

114
СММ дар бораи кушта шудани беш аз 40 нафарро дар таркиши Кобул хабар додТеъдоди қурбониёни таркиши рӯзи 30 сентябр дар як маркази таълимӣ дар ғарби Кобул ба 43 нафар расид ва 83 нафари дигар захмӣ шуданд. Чунин маълумотро ТАСС бо истинод ба Миссияи СММ оид ба кумак ба Афғонистон (UNAMA) овардааст.

Дар саҳифаи намояндагӣ дар «Твиттер» гуфта мешавад, ки дар миёни қурбониён асосан духтарон ва занони ҷавон ҳастанд. Зиёд шудани шумораи ҳалокшудагон истисно нест. «Эҳтимоли афзоиш ёфтани шумораи қурбониён вуҷуд дорад. Гурӯҳҳо доир ба ҳуқуқи инсони Миссияи СММ оид ба кумак ба Афғонистон (UNAMA) ҷараёни санҷишро идома медиҳанд», -омадааст дар хабар.

Қаблан дар бораи кушта шудани 35 нафар ва захмӣ шудани 82 нафар дар таркиш хабар дода шуда буд.

Акс: liner.h




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво