30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Истаравшан ба 10 нафар наваскарони фаъол дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд

90
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Истаравшан ба 10 нафар наваскарони фаъол дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд2 октябр дар майдони «Нишони давлатӣ»-и шаҳри Истаравшан маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид. Ба 10 нафар наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи вилояти Суғдро бомуваффақият хатм намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.

Дар маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки имрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ беҳтар гардидааст.

«Мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар шароити сулҳу субот ва оромии мамлакат ҷавонон бо пайравӣ ба падарону бобоёни шӯҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандӯстона ихтиёран барои ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардидан омода мебошанд. Ба наваскароне, ки имрӯз бо хоҳиши худ ба мактаби мардонагӣ қадам гузошта истодаанд, дар адои ин рисолати пуршараф ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар ҳифзи Ватан комёбиҳо орзумандам», – иброз дошт Адҳам Маъмурзода.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад ва ҳоло мамлакати мо сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд.


АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво