29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Доир ба рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсияи илмӣ барпо шуд

384
Доир ба рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсияи илмӣ барпо шуд3 октябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ.

Ректори донишгоҳи мазкур Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки “Таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани чандин санадҳои муҳими давлатӣ, муқаррар шудани Рӯзи забони давлатӣ ва ба феҳрасти ҷашнҳои умумимиллӣ ворид гардидани он ба аҳли ҷомеа бори дигар истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани онро таъкид мекунад”.

Дар конференсия як зумра олимону забоншиносон дар мавзӯъҳои «Забони тоҷикӣ ва паҳнои он дар замони Истиқлолияти давлатӣ», «Забони давлатӣ ва баъзе аз масъалаҳои имло», «Забони тавоно ва ширину гуворо» ва «Рушди забони давлатӣ аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат» маърӯза намуданд.

Доир ба рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсияи илмӣ барпо шуд


Дар ҳамоиш зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2005) нисбат ба забони тоҷикӣ чунин иброз доштанд: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он, ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи роҳнамои худшиносию худафрӯзияш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 бо назардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардида, он ҳамасола ҳамчун Рӯзи забон дар мамлакат таҷлил мегардад.

АКС: шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБС




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво